Феврал 26, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили 9 миллион доллар таҷҳизоти низомии Русия ба Тоҷикистон

Русия дар чорчуби кумакҳои билоиваз ба Тоҷикистон беш аз 9 миллион доллар таҷҳизоти низомӣ ба ин кишвар эҳдо кард.  

Ба нақл аз Ирно, ин кумакҳо шомили таҷҳизоти мухобиротӣ, зиддиҳавоӣ ва мошинҳои зиреҳпуш ва болгард аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон истгоҳҳои радарӣ аз Русия дарёфт кардааст, то дар шиносоӣ ва радёбии аҳдофи ҳавоӣ ва низ ирсоли ҳадафи таъиншуда ба муҷтамаъҳои дифои ҳавоӣ аз он истифода кунад.

Интиқоли ин таҷҳизоти низомӣ дар чорчуби иҷрои барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи миллии Тоҷикистон анҷом мешавад.

Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, таҳвили таҷҳизоти низомии ҷадид ба Тоҷикистон муҷиби афзоиши қудрати нерӯҳои низомии ин кишвар дар мубориза бо таҳдидоти террористӣ мешавад.

 

Барчасп