Ноком мондани ду амалиёти террористии ДИИШ дар Русия
Хадамоти амнияти федералии Русия аз ноком мондани ду амалиёти террористии ДИИШ дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши сомонаи нашрияи русии “Коммерсант”, Хадамоти амнияти федералии Русия эълом кард, ин ду амалиёт зери назари Тоҷиддин Назаров, мулаққаб ба Абуусомаи Норакӣ, ки аз атбои Тоҷикистон ва узви аршади гурӯҳи ДИИШ аст, барномарезӣ шуда буд.
Абуусомаи Норакӣ, ки дар ҳамалоти террористӣ дар кишвари Шведсия ва Тоҷикистон низ даст доштааст, ба аъзои гурӯҳаш дар Русия дастур дода буд, ки дар амалиёти нахуст ба корвони мошинҳои кормандони Хадамоти зиддиҷосусии артиши Русия дар наздикии ситоди ин ниҳод дар шаҳри Маскав ҳамла кунанд.
Инфиҷори қатори мусофирбарӣ аз дигар барномаҳои ин гурӯҳи террористӣ буд, ки қабл аз амалӣ шудан хунсо шуд ва аъзои гурӯҳи Абуусомаи Норакӣ низ боздошт шуданд.
Номи Абуусомаи Норакӣ нахустин бор дар иртибот бо ҳамлаи террористӣ дар кишвари Шведсия, ки омили он Раҳмат Оқилов, табааи Узбакистон буд, расонаӣ шуд.
Дар он ҳамла 5 тан кушта ва 15 нафар захмӣ шуданд ва полиси Шведсия гузориш дод, ки Оқилов ин ҷиноятро ба дастури Абуусомаи Норакӣ анҷом додааст.
Ҳамчунин ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар тобистони соли 2018 дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон ба фармони ин шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Гуфта мешавад, ки вай феълан дар Ироқ ба сар мебарад.