Феврал 27, 2019 11:56 Asia/Dushanbe
  • Нақши муҳими ҷангҷӯёни тоҷик дар созмонҳои террористӣ

Ҷангҷӯёни тоҷики узви гурӯҳҳои террористӣ нақши муҳимеро дар ин созмонҳо ифо мекунанд.

Генерал Абдураҳим Қаҳҳоров, дабир Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар нишасти минтақаии мубориза бо терроризм дар Душанбе гуфт, шуморм қобилм таваҷҷуҳе аз шаҳрвандонм Тоҷикистон узвм шабакаҳои террористӣ ҳастанд.

Генерал Қаҳҳоров ҳамчунин аз идомаи талоши ДИИШ барои ҷазби шаҳрвандони Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, мубаллиғони ДИИШ беш аз ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ кашондаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ҳузури наздик ба ҳазору 900 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ дар қолаби гурӯҳи ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ хабар дода буданд.