Пешниҳоди сохти биноҳои баландошёна дар шаҳраку деҳоти Тоҷикистон
(last modified Wed, 20 Jul 2016 13:24:06 GMT )
Июл 20, 2016 18:24 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди сохти биноҳои баландошёна дар шаҳраку деҳоти Тоҷикистон

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон аз пешниҳоди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи идораи замин барои роҳандозии бунёди биноҳои бисёрошёна дар тамоми навоҳии кишвар ҳимоят кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҷамшед Аҳмадзода рӯзи 20-уми июл дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар шароити камбуди замин дар кишвар бунёди биноҳои бисёрошёна дар навоҳӣ қобили дастгирӣ мебошад.

Вай афзуд, дар нақшаи генералии шаҳру навоҳии кишвар бо назардошти шароити ҳар минтақа ва риояи истеҳком ва бехатарӣ, бунёди биноҳои аз 4 то 9 ошёна пешбинӣ шудааст.

Ахиран Кумитаи идораи замин бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки барои сарфаи замин дар навоҳии кишвар сохтмони биноҳои бисёрошёна роҳандозӣ шавад. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин ниҳод гуфт, феълан бо 12 сотих метавон ду оилаи ниёзмандро бо замин таъмин кард, аммо дар сурати бунёди биноҳои бисёрошёна дар 12 сотих метавон то 42-48 хонаводаро бо манзил таъмин кард.

Дар ҳамин ҳол, Академик Собит Неъматуллоев, раҳбари Хадамоти геофизикии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, пешниҳоди бунёди биноҳои баландошёна дар шаҳраку ноҳияҳои Тоҷикистонро "ғайривоқеӣ" хондааст.

Собит Неъматуллоев мегӯяд, Тоҷикистон як кишвари зилзилахез буда ва ҳамасола 20-30 зилзилаи 5 дараҷаи Рихтер ва ҳудуди 20 ҳазор ларзиши замин бо дараҷаи поёнтар рух медиҳад.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ин зилзилашиноси маъруфи тоҷик, дар фасли зимистон дар шаҳраку деҳоти Тоҷикистон ҳамагӣ барои чанд соат нерӯи барқ дода мешавад ва дар сурати рух додани зилзила ба берун баровардани сокинони баландошёнаҳо мушкил хоҳад шуд.

Аммо ба эътиқоди коршиносони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, бо таваҷҷӯҳ ба кӯҳистонӣ будани 93 дарсади ҳудуди кишвар ва афзоиши бесобиқаи аҳолӣ, мақомоти Тоҷикистон водор хоҳанд шуд, роҳҳои ҳалли мушкили таъмини аҳолӣ бо манзил ва маҳсулоти ғизоиро ҳал кунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, раванди феълии тақсими қитъаҳои замин барои бунёди манзили хусусӣ боиси коҳиши ҷиддии заминҳои кишт ва ҳамчунин кам шудани тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар хоҳад шуд.