Март 02, 2019 11:59 Asia/Dushanbe
  • Лузуми эҳдоси хати роҳи оҳан барои ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон

Мақомҳои Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар вилояти Хатлон эълом кардаанд, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти ин кишвар дар ин минтақа дар соли ҷорӣ ба сохти хати 1 ҳазору 500 метрии роҳи оҳан бастагӣ хоҳад дошт.

Ба гузориши сайти Минтақаи озоди иқтисодии Данғара , сохти нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, ки аз соли 2014 оғоз шудааст, то ба ҳол чанд бор ба далоили мухталиф ба таъхир меафтад.

Пеш аз ин мушкилоти молӣ ва бамавқеъ пардохт нашудани ҳазинаи таҷҳизоти мавриди ниёз дар сохти ин полоишгоҳ, иллати ақиб афтодани замони баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти ин марказ унвон мешуд, аммо акнун гуфта мешавад, ки барои интиқоли нафти хом ба ин полоишгоҳ бояд хати 1 ҳазору 500 метрии роҳи оҳан аз хати аслии масири Бохтар - Кӯлоб сохта шавад.

Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, заминаи тасфияи 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад. Тоҷикистон дар сол ба 1 миллиону 600 ҳазор тон бензин ва сухти дизели ниёз дорад, ки ба таври комил аз хориҷ ворид мешавад.

Ширкати чинии ТК - Ойл барои сохти ин полоишгоҳ 450 миллион доллар ихтсос додааст.