Баргузории барномаи “Шаби Тоҷикистон” дар Теҳрон
(last modified Sun, 03 Mar 2019 14:11:33 GMT )
Март 03, 2019 19:11 Asia/Dushanbe
  • Баргузории барномаи “Шаби Тоҷикистон” дар Теҳрон

Барномаи “Шаби Тоҷикистон” тавассути Бунёди офаринишҳои ҳунарии Ниёварон бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии ЭКО ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд.

Дар ин барнома аз китоби “Сотим Улуғзода ва фарҳанг миллӣ”, навиштаи Сироҷиддини Эмомалӣ, донишманди тоҷик, ки тавассути Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО  баргардон ва аз сӯйи хонум Заҳрои Аслонӣ вироиши адабӣ шудааст, рӯнамоӣ шуд. Дар барномаи мазкур шоирони эронӣ ва тоҷик шеърхонӣ карданд ва суханрониҳое роҷеъ ба аҳволу осори Сотим Улуғзода, нависандаи шаҳири тоҷик (1911-1997) анҷом шуд.

Сотим Улуғзода, яке аз чеҳраҳои мондагоре аст, ки дар адабиёти муосири Тоҷикистон хадамоти арзишманде анҷом додааст. Дар соли 1999 романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода барандаи ҷоизаи “Китоби сол”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд. Ҳамчунин алоқамандон аз намоишгоҳи акси машоҳири Тоҷикистон ва саноеи дастии ин кишвар боздид хоҳанд намуд ва дар поён гурӯҳи мусиқии «Навои милал» оҳангҳои тоҷикӣ хоҳад навохт.

Барномаи “Шаби Тоҷикистон” тавассути Бунёди офаринишҳои ҳунарии Ниёварон  ва бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии ЭКО ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд.