Март 04, 2019 11:21 Asia/Dushanbe
  • Таҳқиқи додситони низомии Тоҷикистон дар бораи кушта шудани сарбози тоҷик

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон аз оғози таҳқиқи ҳодисаи кушта шудани як сарбози қисми низомии мустақар дар шаҳри Роғун, аз сӯи додситони низомии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Ориф Нозимов гуфтааст, ки додситони низомии Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи қатли Илҳомҷон Худойбердиев, сарбози қисми низомии мустақар дар шаҳри Роғунро, ки феврали гузашта бар асари шиллики гулӯла аз сӯи ҳамқаторонаш ҷони худро аз даст дод, оғоз кардааст.

Бародари ин сарбози мақтул гуфтааст, ки осори исобати тир ба ноҳияи сари Илҳомҷон Худойбердиев мушоҳида шудааст.

Мақомоти низомӣ ваъда додаанд, ки дар додгоҳи муҳокимаи фарди гумонбар дар қатли ин сарбоз, аз волидайн ва бастагони мақтул ҳам барои ширкат дар муҳокима даъват кунанд.

Илҳомҷон Худойбердиев, сокини ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ)-и вилояти Суғд буд, ки то поёни даврони хидмати сарбозиаш фақат шаш моҳ боқӣ монда буд.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми ҳодиса, вай дар бурҷи дидабонӣ дар қисми низомии мустақар дар шаҳри Роғун машғул нигаҳбонӣ будааст.

Ҷасади вай дар таърихи 16 феврал гузашта дар ноҳияи Деваштич ба хок супурда шуд.

Ба гуфтаи коршиносон, хушунат дар артиши Тоҷикистон токунун мӯҷиби кушта шудани сарбозон ва афсарон шудааст, ки ин амр ба эътибори нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар латмаи зиёде ворид мекунад.

Эътилофи зидди шиканҷа, як созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016 эълом карда буд, ки бар асари хушунат дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, тайи солҳои 2014 то 2016 беш аз 59 мавриди бадрафторӣ ва лату куби сарбозон ба сабт расида аст, ки дар натиҷа 11 нафар ҷони худро аз даст додаанд.