Март 06, 2019 10:15 Asia/Dushanbe
  • 14 сол зиндон барои як узви Ансоруллоҳ дар Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористии Ансоруллоҳ, ки фаолияташ дар Тоҷикистон мамнунъ аст, ба 14 сол зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Келдиев дар соли 2011 дар Русия бо Султонов масъули созмони террористии Ансоруллоҳ ошно шуда ва ба ин гуруҳ пайвастааст.

Вай ба дастури ин фард ба ҳамроҳи 3 шаҳрванди дигари Тоҷикистон барои омӯзиши фунуни амалиёти террористӣ ба Покистон рафта ва дар урдугоҳҳои вобаста ба гуруҳи Ансоруллоҳ давраҳои вижаро фаро гирифтааст.

Келдиев бо барқарории иртиботи телефонӣ ва интернетӣ бо дохили Тоҷикистон, теъдоде аз ҷавонони тоҷикро барои рафтан ба Покистон ва пайвастан ба ин гуруҳи террористӣ ташвиқ кардааст.

Мақомоти додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муддаъӣ ҳастанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон таи солҳои 2011 то 2014 дар таркиби неруҳои гуруҳҳои террористии Толибон ва Алқоида бо низомиёни покистонӣ, афғонистонӣ ва амрикоӣ вориди даргирӣ шудааст.

Манобеъи мустақил мегуянд, ки Келдиев дар Афғонистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, ки акнун ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористии Ансоруллоҳ ба 14 сол зиндони низомаш сахт маҳкум шудааст.