Март 07, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикон дар ҷойгоҳи севвуми дарёфти тобеъияти Русия дар соли 2018

Вазорати кишвари Русия омори ниҳоии дарёфти тобеъияти ин кишвар дар соли 2018-ро эълом кард, ки бар ин асос, тоҷикон пас аз украиниҳо ва қазоқҳо дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтаанд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, дар соли 2018 ҳудуди 270 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ тобеъияти Русияро дарёфт кардаанд, ки 35 ҳазор ва 700 нафар аз онон тоҷик ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2013 теъдоди ашхоси хориҷие ки тобеъияти Русияро дарёфт кардаанд беш аз 135 ҳазор нафарро ташкил медод.

Чанде пеш Вазорати кишвари Русия дар бораи ислоҳияи қонуни дарёфти тобеъияти ин кишвар аз сӯи шаҳрвандони хориҷиро, ки дар моҳи июли соли равон иҷроӣ мешавад, тавзеҳ дод. Бар асоси ин банд аз қонун дарёфти тобеъияти Русия, волидайни шаҳрвандони хориҷи, ки фарзандони онон тобеъияти русӣ доранд, метавонанд бидуни гирифтани иқомати муваққати панҷ сола барои касби тобеъияти ин кишвар иқдом кунанд. Аммо шарти умда дар ин маврид 18 сол дошани фарзандони ин ашхос аст, ки имтиёзи дарёфти тобеъияти Русияро барои волидайни онон фароҳам месозад.

Коршиносон мегуянд ҳамасола ҳазорон тоҷики мутахассис бо тарки Тоҷикистон ба Русия мераванд ва донишомӯхтагони донишгоҳҳо, бидуни таҷриба вориди бозори кори Тоҷикистон мешаванд, ки наметавонанд ҷойи мутахассисонро пур кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба далели набуди ҷои кори муносиб бо ҳуқуқи муносиб дар Тоҷикистон ҳазорон тоҷик барои рафтан ба Русия дар сафорати ин кишвар дар Душанбе сабти ном кардаанд.

Сафи тулонии довталабони тоҷикистонии муҳоҷират ба Русия сабаб шудааст, ки дафтари намояндагии Вазорати кишвари Русия эълом кунад, ки барои шаш моҳи нахусти соли 2019 дигар имкони пазириш вуҷуд надорад.

Манобеъи Вазорати кишвар Русия мегуянд, ки дар соли 2017 низ беш аз 29 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба тобеъияти Русия даромаданд.