Март 08, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди нахуствазири Тоҷикистон бар густариши равобити ҳамаҷониба бо Эрон

Нахуствазири Тоҷикистон гуфт: Давлати Душанбе афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ ва ҳузури Эрон дар бахшҳои кишоварзӣ, энержӣ, саноат ва гардишгарии Тоҷикистонро хостор аст.

Ба гузориши ИРНА, Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон дар дидори худоҳофизии Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ сафири Эрон дар Душанбе бо ишора ба зарфиятҳои Теҳрон ва Душанбе афзуд: Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар густариш ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва сармоягузорӣ бо Эрон таъкид дорад.

Расулзода таъкид кард: Зарурӣ аст бо тадбирҳои мухталиф, аз ҷумла дар комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии ду кишвар, баргузории намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷорӣ, тақвияти бахши хусусӣ ва ҳамкории байниустонӣ ва байнишаҳрӣ аз ин зарфиятҳо истифода кард.

Нахуствазири Тоҷикистон аз сармоягузорӣ ва мушорикати Эрон дар тарҳҳои зербиноии бузурги кишвараш, аз ҷумла дар сохти неругоҳи Сангтуда 2, нақби Истиқлол ва сад ва неругоҳи Роғун қадрдонӣ кард ва тавсиаи ин гуна ҳамкориҳои муштаракро хостор шуд.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин дидор, густариши ҳамкории Теҳрон ва Душанбе дар заминаҳои мухталифро зарурӣ унвон кард ва афзуд: Баъзе кишварҳо дар солҳои охир дар садади сӯиистифода ва ихтилофафканӣ байни Теҳрон ва Душанбе буданд, ки бо ирода ва тадбири мақомоти олӣ ва раисони ҷумҳурии ду кишвар ноком монданд.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ сафири Эрон дар Душанбе бо поёни давраи сафораташ дар Тоҷикистон ба зудӣ ба Теҳрон бозмегардад.

 

Барчасп