Мақоми сеюми Тоҷикистон аз нигоҳи баробарии ҳуқуқ зан ва мард дар ИДМ
(last modified Mon, 11 Mar 2019 06:20:21 GMT )
Март 11, 2019 11:20 Asia/Dushanbe
  • Мақоми сеюми Тоҷикистон аз нигоҳи баробарии ҳуқуқ зан ва мард дар ИДМ

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, Тоҷикистон аз нигоҳи баробарии ҳуқуқи зану мард дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мақоми сеюм ва дар Осиёи Марказӣ, ҷойгоҳи нахустро ба худ ихтисос додааст.

Ба гузориши сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ, ин ниҳод дар гузориши худ бо унвони "занон, тиҷорат ва қонун: 10 сол ислоҳот", эълом кардааст, ки Тоҷикистон аз нигоҳи баробарии ҳуқуқи зану мард дар миёни кишварҳои ИДМ дар мақоми сеюм қарор дорад.

Бонки Ҷаҳонӣ ин мавзӯро тайи 10 сол дар187 кишвари ҷаҳон баррасӣ карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки Тоҷикистон дар ин раддабандӣ, дар мақоми 11 ва дар миёни ИДМ дар ҷойгоҳи сеюм ва дар Осиёи Марказӣ дар мақоми нахуст қарор гирифтааст. Дар миёни кишварҳои ИДМ Молдова дар мақоми нахуст ва Арманистон, Тоҷикистон, Украина, Беларус, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Узбакистон дар ҷойгоҳҳои баъдӣ воқеъ шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрики худ ба муносибати “Рӯзи модар”дар таърихи 8 марти соли ҷорӣ эълом кард, ки саҳми занон дар миёни кормандони идороти давлатӣ дар ин кишвар ба 25 дарсад ё 6 ҳазор нафар расидааст.