Таъкиди Тоҷикистон ба ҳалли одилонаи қазияи Фаластин ва Ховари Миёна
Акрамшоҳ Фелалаев муовини раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба зарурати ҳалли одилонаи қазияи Фаластин ва Ховари Миёна таъкид кард.
Ба нақл аз Ховар, Фелалаев ин матлабро рӯзи гузашта дар чаҳордаҳумин конфронси Иттиҳодияи парлумонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ иброз кард.
Ин конфронс дар Работ пойтахти Марокко ҷараён дорад.
Муовини раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар нишасти вижаи конфронси Работ пайромуни қазияи Фаластин суханронӣ кард ҳамчунин ба истифода аз меъёрҳои дугонаи маҳфилҳои ҷудогонаи сиёсӣ ва сӯи истифодаи онҳо аз дини ислом ишора ва тасреҳ кард ислом ҳеҷ иртиботе бо терроризм надорад.
Ин мақоми баландпояи парлумони Тоҷикистон дар идома афзуд, имрӯза дар ҳамаи сатҳҳо дар бораи Фаластин ва Байтулмуқаддас баҳсҳое сурат мегирад. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала Тоҷикистон аз тамомии талошҳо барои ҳаллу фасли одилонаи ин қазияҳо ва дар кул раванди сулҳ дар Ховари Миёна аз тариқи музокира ва роҳи ҳалли сиёсӣ ҳимоят мекунад.