Дафтари Хадамоти Созмони Милал дар Душанбе ифтитоҳ мешавад
(last modified Wed, 13 Mar 2019 16:23:07 GMT )
Март 13, 2019 21:23 Asia/Dushanbe
  • Дафтари Хадамоти Созмони Милал дар Душанбе ифтитоҳ мешавад

Созмони Милали Муттаҳид (UNOPS) қасд дорад дафтари хадамоти минтақаии худ дар Осиёи Марказиро дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Давронбек Аҳмадбеков, намояндаи минтақаии дафтари хадамоти СММ (UNOPS) дар дидори Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, барномаи дафтари хадамоти СММ қаблан таҳти назорати Барномаи бозсозӣ ва эҳёи Қумитаи умрони СММ фаъолият мекард ва акнун ба унвони як барномаи мустақил ба Душанбе бозмегардад ва дар ҳоли сабти расмӣ аст.

Вай афзуд, тими начандон бузурги мушовирони мо ба таври фаъол барои ҷазби сармоягузори ҷадид дар Тоҷикистон талош мекунад ва бо пешниҳоди мо тасмим гирифта шуд, ки дафтари минтақаӣ дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шавад.

Дар ин мулоқот таҷрибаи муваффақи дафтари хадамоти Созмони Милали Муттаҳид дар соири кишварҳо ва чигунагии истифода аз ин таҷриба дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.