Таваққуфи 300 коргари муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон ва Русия
(last modified Sun, 17 Mar 2019 04:46:54 GMT )
Март 17, 2019 09:46 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи 300 коргари муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистон ва Русия

300 коргари муҳоҷири Тоҷикистонӣ, ки барои кори озими Русия ҳастанд 3 рӯз аст, ки дар гузаргоҳи марзии миёни Қазоқистон ва вилояти Кургани Русия мутаваққиф шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Toptj.com, ин афрод бо шаш автобус дар ҷустуҷӯи кор аз роҳи заминӣ роҳии вилоятҳои Челябинск, Екатеринбург ва Тюмен шудаанд.

Муҳаммадӣ Давлатов яке аз ронандагони таксӣ, ки коргарони муҳоҷири тоҷикро ба шаҳрҳои Русия мунтақил мекунад гуфтааст, ки марзбонон ва кормандони гумруки Русия тарҷеҳ медиҳанд, ки муҷаввизи ҳаракати худравҳо ва шаҳрвандони русӣ, қазоқистонӣ ва қирғизистониро содир кунанд ва пас аз ин афрод навбати тоҷикҳост.

Ба назар мерасад, ки дар ин маврид низ авлавият бо шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авру-Осиё аст ва Тоҷикистон шомили ин сохтори ҳамгароии минтақаӣ нест.

Дар солҳои охир ба далели гарон будани қимати билети ҳавопаймои коргарони муҳоҷири тоҷик тарҷеҳ медиҳанд, ки барои муҳоҷирати корӣ ба Русия аз автобус истифода кунанд.

Қимати билети автобус барои ҳар мусофир аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон байни 4 то 7 ҳазор рӯбли русӣ аст, ки ин шохис дар ҳавопаймо то 13 ҳазор рубл муҳосиба мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар як ҳафтаи охир амалиёти густурдаи боздошт ва таҳқиқи ҳузури қонунии коргарон муҳоҷири хориҷӣ дар Русия оғоз шудааст.

Иброҳим Аҳмадов намояндаи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав бо таъйиди ин хабар гуфтааст, ки танҳо дар маркази тиҷории мавсум ба "Маскав" неруҳои полиси Русия иқдом ба боздошти беш аз 500 коргари муҳоҷири хориҷӣ кардаанд, ки 37 тан аз онон тоҷик будаанд.

Бар асоси ташдиди қонуни муҳоҷирати Русия акнун додгоҳҳои ин кишвар метавонанд барои кӯчактарин мавриди тахаллуф, аз ҷумла ҳузур надоштани коргарони муҳоҷир дар маҳали иқомати хеш ин афродро аз Русия ихроҷ кунанд.