“Хидирайём” дар Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Sun, 17 Mar 2019 09:53:11 GMT )
Март 17, 2019 14:53 Asia/Dushanbe
  • “Хидирайём” дар Бадахшони Тоҷикистон

Иди Наврӯз дар Бадахшони Тоҷикистон бо номҳои «Шогун» ва «Хидирайём» номида мешавад ва мардуми ин вилоят бо таҳният ва шодбош ба якдигар аз иборати «шогун баҳор муборак» истифода мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, маънии вожа «Хидирайём» айёми ҷашни бузург аст ва аз он ҷиҳат Наврӯзро дар Бадахшон ҷашни бузург меноманд, ки сокинони ин вилоят қабл аз ҷашни Наврӯз ҷашнҳои кӯчактареро бо номҳои «Хайрпичор» ва «Хайрчизон» таҷлил мекунанд.

Дар рӯзи аввали Наврӯз мардуми ин минтақа тибқи сунани мавсум ба «ҷорӯббандон» ва «хонатаконӣ», хонаҳояшонро тамиз мекунанд.

«Суманак», «коҷӣ», «ҳалво» ва «ширравған» аз маъмултарин ғизоҳои наврӯзӣ дар Бадахшон аст, ки бештари онҳо аз гандум, орд ва шир таҳия мешавад.

Яке аз бозиҳои наврӯзии кӯдакон дар Бадахшон «килоғуз-ғӯз» ё «талаб- талаб» аст.

Дар ин бозӣ кӯдакон дар ҳоле, ки сурудҳои вижае мехонанд, як рӯсариро ба даст гирифта, ба бомҳои хонаҳо мераванд ва онро ба дарун хона меандозанд ва соҳиби хона бо шунидани суруди онҳо бояд дар рӯсарии ин кӯдакон ширинӣ бигузорад.

Дар ин минтақа суннати оташафрӯзӣ ба номи «аловпарак» роиҷ аст, ки дар он зимни оташафрӯзӣ зуболаҳои хонаҳоро дар оташ месӯзонанд.

Дар Бадахшон Наврӯз ҷашни инсонӣ, миллӣ, ҷашни табиат, намоди саховат, афв ва хушҳолӣ ва ҷашни ғамзудоӣ ва фоли нек аст.