Мамониати марзбонони қирғиз аз вуруди мошини Салиби Сурх ба фармондории Ворух
Бо гузашти 6 рӯз аз оғози даргирии ахир дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон, марзбонони қирғиз ҳамчунон аз вуруди мошини Салиби Сурх ба фармондории Ворухи Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон воқеъ шудааст, ҷилавгирӣ мекунанд.
Ба гузориши сомонаи Азия плюс, намояндагони дафтари Созмони Салиби Сурх дар вилояти Суғд гуфтаанд, ки аз рӯзи 16 марти соли ҷорӣ дар рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар интизори дарёфти муҷаввизи марзбонони Қирғизистон барои вуруд ба фармондории Ворух ҳастанд.
Ба гуфтаи мақомоти ноҳияи Исфара, марзбонони Қирғизистон ҳамчунин аз интиқоли ду мариз аз фармондории Ворух ба маркази ин ноҳия ҷилавгирӣ кардаанд ва пизишкони маҳаллӣ маҷбӯр ба анҷоми амали ҷарроҳӣ дар бемористони Ворух шудаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки расонаҳои қирғизистонӣ аз баргузории даври дуввуми музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои поён додан ба муноқишаи ахири марзӣ хабар додаанд. Аммо дар бораи ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо ҳеҷ хабаре мунташир нашудааст.
Ҳайати Тоҷикистон ба сарпарастии Азим Иброҳим, муовини нахуствазири шомили вазирони корҳои дохила, ҳамлу нақл, фармондеҳи неруи марзбонӣ ва раиси вилояти Суғд бо ҳамтоёни қирғизи худ роҳҳои поён додан ба муноқишаи ахир ва бозгушоии роҳҳои иртиботиро баррасӣ карданд. Аз сӯи дигар роҳи иртиботии фармондории Ворух бо 32 ҳазор нафар ҷамъият бо ноҳияи Исфара ҳамчунон бастааст.
Ба далели даргирии ахир дар марзи муштараки ноҳияҳои Исфара ва Ботканд, иртиботи минтақаи Ворух, ки дар дохили қаламрави Қирғизистон қарор гирифта ва бо хориҷ қатъ шудааст.
Бар асари даргирӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон ду сокини ноҳияи Исфара кушта ва 20 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ҷониби Қирғизистон низ эълом кардааст, ки се нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар ин даргири захмӣ шудаанд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки 472 километри он ҳанӯз аломатгузорӣ ва мушаххас нашудааст.