Март 18, 2019 20:47 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳаллу фасли буҳрони марзӣ

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар заминаи ҳаллу фасли буҳрони марзӣ тавофуқнома имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар поёни даври севуми музокироти мақомоти баландмартабаи ду кишвар тавофуқномаеро барои суръат ёфтани кори тақсим ва аломатгузории марзи миёни ду кишвар бар асоси тавофуқномаи байнидавлатии соли 2014 –и мелодӣ ба имзо расонданд.

Ҷузъиёти ин тавофуқнома ифшо нашудааст, аммо бинобар тавофуқномаи соли 2014 мелодӣ, сохтусози ҷодда бо давр задани рустои Оқсой – Тамдиқ идома меёбад, вале ин ҷодда ба таври истисноӣ барои убури ҳайвонот истифода хоҳад шуд.

Тибқи ин тавофуқнома, ҳамчунин миёни минтақаи Ворух ва Хоҷа Аълои Тоҷикистон як ҷоддаи ҷадид бо давр задани рустои Оқсойи Қирғизистон бунёд мешавад.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар ин замина гуфт, дар ин тавофуқнома тамоми ҷузиёт дарҷ шудааст ва мо танҳо бояд кор рӯйи онро оғоз кунем.

Иброҳим афзуд, дар ҳаводиси ахир дар марз, теъдоде аз сокинон кушта шуданд ва ин амр бояд мавриди баррасӣ қарор гирад ва гуноҳкорон шиносоӣ ва муҳокима шаванд. Дар ин росто додситониҳои ду кишвар бояд бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Ҷенеш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон низ бо изҳори хушҳолӣ аз тавофуқи бадастомада гуфт: “Мо тавонистем ба тавофуқ бирасем ва ин амр барои сокинони маҳаллӣ бисёр муҳим аст”.

Вай низ таъкид кард, ду тараф дар чорчӯби тавофуқоти бадастомада кор хоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир роҳ ба самти Ворух баста аст, аммо бинобар тавофуқоти бадастомада қарор аст имрӯз боз шавад.

Даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 13 март шуруъ шуд ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва теъдоде аз сокинони ду кишвар захмӣ шуданд.