Март 19, 2019 10:04 Asia/Dushanbe
  • Баррасии  раванди бозгардондани кудакони тоҷик аз Ироқ

Сафири Тоҷикистон дар Бағдод дар дидор бо муовини вазири умури хориҷаи Ироқ мавзӯъи бозгардондани кудакони тоҷик аз ин кишварро баррасӣ кард.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷик Та, Зубайдуллоҳ Зубайд ва Ҳозим Алюсуфӣ дар ин дидор бар зарурати фароҳам сохтани заминаи ҳуқуқӣ ва шитоб гирифтани раванди бозгардондани наздик ба 100 кудаки тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.

Сафири  Тоҷикистон дар Ироқ гуфтааст, ки бо мусоидати мақомоти давлати Бағдод таи ду сол, аъзои 19 хонавода аз ҷумла 41 кудак, ки 21 духтар ва 20 писарро шомил мешавад, аз Ироқ ба Душанбе мунтақил шудаанд.

Қаблан мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар зиндонҳои Ироқ 43 зан ва 92 кудак аз хонаводаҳои ҷангҷуёни тоҷики узви гуруҳҳои террористӣ, ки дар даргирӣ бо артиши Ироқ кушта шудаанд нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз миёни хонаводаҳои ҷангҷуёни тоҷик, ки аз соли 2014 бо ҳамсар ва фарзандонашон вориди Ироқ шудаанд 13 зан ба иттиҳоми мушорикат дар фаолияти гуруҳи террористии ДИИШ ба зиндони абад ва ҳабси тулонӣ маҳкум шудаанд.Зубайдуллоҳ Зубайд гуфтааст, ки бар асоси қавонини ҳуқуқии Ироқ  интиқоли ин кудакон ба Тоҷикистон танҳо бо ризояти модарони зиндонии онон имконпазир хоҳад буд.

Вай пас аз дидор бо модарони зиндонии 100 кудаки тоҷик дар Ироқ аз онон дархост кардааст, ки барои бозгардондани ин кудакон ва таҳвили онон ба назидконашон дар Тоҷикистон ризоят диҳанд.

 

Барчасп