Март 22, 2019 19:27 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти яке аз муъассисони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон

Ҳоҷ Қаландар Садруддинзода яке аз муъассисони Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар синни 68 солагӣ даргузашт.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ин фаоли сиёсӣ-мазҳабӣ, ки солҳои ахир ва пас аз манъи фаолияти Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони паноҳанда дар кишвари Полша ба сар бурда ва аз марази қанд ранҷ мебурд панҷшанбешаб фавт кард.

Ҳоҷ Қаландар Садруддинзода яке аз панҷ муъассиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ буд.

Гуфта мешавад нахустин ҷаласаи ин гуруҳ дар соли 1973 маҳз дар манзили Садруддинзода доир шудааст.

Ӯ зодаи шаҳристони феълии Нуробод дар шарқи Тоҷикистон буд.

Ҳоҷ Қаландар таълимоти диниро назди падараш ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ фаро гирифт ва ҳамчунин хатмкардаи донишгоҳи давлатии Тоҷикистон низ буд.

Ҳоҷ Қаландар Садруддинзода  дар гузашта раҳбарии бахши хатлонии  Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.