Март 26, 2019 09:26 Asia/Dushanbe
  • Волидайни 3 духтари донишомӯз дар Тоҷикистон ҷарима шуданд

Додгоҳи ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон волидайни 3 духтари донишомӯзро барои мамониат аз рафтани онон ба мактаб ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.

Ба гузориши сомонаи ТОП Тҷ, падари Манзураи Илҳомиддин, яке аз ин донишомӯзон бо эътироз ба ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки дар фасли сармо наметавонад духтарашро ба мадрасае, ки аз рустои онон 6 километр фосила дорад ва василаи нақлия низ вуҷуд надорад, бифиристад.

Ба гуфтаи вай, ҳатто дар сурати фиристодани духтараш ба мактаб бо пойи пиёда дар соати 6 субҳ ҳам, ӯ наметавонад ба мавқеъ сари дарс ҳозир шавад ва роҳ ҳам амн нест.

Падари Манзураи Илҳомуддин аз додгоҳ хостааст, ки барои пардохти ин мизон ҷаримаи молӣ ба ӯ мӯҳлат бидиҳанд то ба Русия биравад ва маблағи ҷаримаро таҳия кунад. Аммо мақомоти додгоҳи ноҳияи Нуробод гуфтаанд, ки вай танҳо пас аз пардохти ҷаримаи молӣ ҳаққи хуруҷ аз Тоҷикистонро хоҳад дошт.

Мустафо, сокини дигари рустои Девлохаки ноҳияи Нуробод низ, ки ба иттиҳоми мамониат аз рафтани ду духтари 11 ва 14 солааш ба мактаб ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шудааст, мегӯяд, наметавонад ононро ба танҳоӣ дар роҳи 6 километрӣ дар фасли замистон бо пойи пиёда барои таҳсил бифиристад.

Гуфта мешавад, ки дар рустои ёдшуда чанд тан аз волидайни донишомӯзон ба иттиҳоми мамониат аз рафтани фарзандонашон ба мактабе, ки дар фосилаи 6 километр дуртар воқеъ шудааст, маҳкум ба пардохти ҷаримаи молӣ шудаанд.

Ин афрод ҳукми додгоҳро ғайримунсифона медонанд, ки шароити сахти табиӣ ин маҳаллро дар фаслм сармо барои фиристодани фарзандонашон ба мактабҳои дурдаст дар назар намегирад.

 

Барчасп