Сентябр 17, 2016 09:05 Asia/Dushanbe
  • Ширкати

Ширкати байналмилалии "Baker Tilly Klitou and Partners SRL" пас аз таҳқиқоте эълом кард, бидуни ҳимояти молии саҳмдорон ва бонкҳо, ширкати давлатии "Барқи тоҷик" варшикаста хоҳад шуд.

Ба гузориши сайти ширкати "Барқи тоҷик", дар ин гузориш таъкид шудааст, танҳо молики саҳмияи ширкати давлатии "Барқи тоҷик" давлати Тоҷикистон мебошад ва ба идомаи ҳимоят аз ин созмон мутааҳҳид шудааст.

Мудирияти ширкати давлатии "Барқи тоҷик" таъкид кард, мизони қарзи ин ширкат тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 12 миллиард сомонӣ расидааст, ки 10 миллиарди он талаби Вазорати молияи Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин ин ширкат ба нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтӯда -1" 627 миллион сомонӣ ва нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтӯда - 2" 410 миллион сомонӣ қарздор аст.

Аз сӯйи дигар, ба далели бамавқеъ пардохт нашудани пули барқи масрафӣ аз сӯйи бахши хонагӣ, муштаракини барқ ба ширкати давлатии "Барқи тоҷик" 621 миллион сомонӣ, корхонаи алюминии Тоҷикистон 468 миллион сомонӣ, ширкатҳои кишоварзӣ 97 миллион сомонӣ бидеҳкор ҳастанд.

Дар сурати идомаи ин шароит, имкони варшикастагии ширкати давлатии "Барқи тоҷик", ки харидори барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқӣ-обии Тоҷикистон ва интиқоли он ба корхонаҳо ва бахши хонагӣ мебошад, вуҷуд дорад.