Март 30, 2019 14:22 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи бориши шадиди борон аз Эрон ва Афғонистон ба Тоҷикистон расид

Ҷамила Байдуллоева, сухангӯи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аз вуруди сомонаи боришотӣ аз самти Эрон ва Афғонистон ба ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, хонум Байдуллоева гуфт, бориши шадиди борон тайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон бо вуруди тӯдаи обуҳаво аз самти Эрон ва Афғонистон муртабит аст, ки даҳҳо қурбонӣ ва хисороти молиро ба дунбол дошт.

Байдуллоева афзуд, албатта ин сомонаи боришотӣ қудратеро, ки дар Эрон ва Афғонистон дошт аз даст дода, аммо ҳатто бо ин нерӯ қодир аст дар Тоҷикистон авоқиби номатлуберо ба бор оварад.

Сухангӯи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар идома ба сокинон ва гардишгарони ин кишвар ҳушдор дод то аввали апрел аз сафар ба манотиқи кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд.

Бино ба суханони Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи шароити изтирории Тоҷикистон танҳо шаби гузашта дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон 20 мавриди суқути баҳман (тарма) ва резиши санг сабт шудааст.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир се минтақаи осебпазир мушаххас шуда, ки бузургроҳи Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Лахш ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷумлаи он аст.

Ду рӯз қабл бар асари омадани баҳман дар яке аз навоҳии минтақаи шарқи Тоҷикистон роҳ, хати барқ ва боғҳо тахриб ва теъдоди зиёде аз ҳайвоноти аҳлии сокинони маҳаллӣ кушта шуданд.