Ихроҷи Зафар Сӯфӣ аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба далели мавзеи сиёсӣ
(last modified Sat, 30 Mar 2019 14:26:01 GMT )
Март 30, 2019 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи Зафар Сӯфӣ аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба далели мавзеи сиёсӣ

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як шоирро ба далели мавзеи сиёсии вай аз сафи аъзои ин иттиҳодия хориҷ кард.

Ба гузориши сойти Ахбор, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Зафар Сӯфиро ба далели мушорикат надоштан дар фаъолияти Иттифоқи нависандагон ва мухолифати мавзеи сиёсии вай бо мавозеи сиёсии ин иттиҳодия, аз узвият дар он маҳрум кард.

Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфт, ин тасмим дар ҷаласаи ин созмони адабии Тоҷикистон дар 29 март гирифта шуд.

Ҳамчин дар ин ҷаласа, нависанда ва мутарҷим Ҷамила Мурувватиён ба узвият дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта ва ба Давлатхоҷа Назиров барои таснифи осор дар бораи муқобила бо терроризм ва ифротгарии динӣ ҷоизаи "Нишони сухан" эъто шуд.

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз бузургтарин созмонҳои адабӣ дар ин кишвар аст, ки барои аввалин бор ба таври ошкор як узвашро ба далоили мухолифати мавзеи сиёсӣ, аз узвият маҳрум кардааст.

Шоир Зафар Сӯфӣ, бунёнгузори рӯзнома ва хабаргузории “Озодагон” буд, ки дар солҳои 2017 ва 2018 таътил шуданд.

Вай ҳамчунин дар сӯҳбат бо расонаҳо эълом кард, ки дар Тоҷикистон таъқиб мешавад ва ба ҳамин далил Тоҷикистонро тарк кардааст.