Март 31, 2019 08:41 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон қарзи Чин барои сохти хатти интиқоли барқро дар 25 сол мепардозад

Ҳукумати Тоҷикистон мутааҳҳид шудааст, ки қарзи 79-миллиондолларии сохти хатти интиқоли барқ аз неругоҳи барқи обии Роғун ба шаҳри Душанберо дар муддати 25 сол ба Чин пардохт кунад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷик-ТА, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран созишномаи бозпардохти қарзи Бонки воридот ва содироти Чинро барои сохти хатти интиқоли барқ аз неругоҳи барқи обии Роғун ба шаҳри Душанбе дар 25 сол тасвиб кард.

Бар асоси ин созишнома, Душанбе қарзи 79-миллиондоллари Чинро дар муддати 25 сол бо суди солона якунимдарсадӣ пардохт хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи ноябри соли 2018 ду хатти интиқоли барқ аз неругоҳи дар дасти сохти барқи обии Роғун ба Душанбе ба тӯли 100 километр бо истифода аз 402 пояи барқ ба баҳрабардорӣ расид.

Ин хатти интиқоли барқ аз қаламрави ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Рӯдакӣ ва Варзоб убур карда ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.

Гуфта мешавад, ки бояд аз тариқи ин хатти барқи тавлидшуда аз нахустин турбинаи неругоҳи барқи обии Роғун мунтақил шавад, аммо акнун ба далелҳои номушаххасе ин турбина фаъолият намекунад ва дар саросари Тоҷикистон ҷирабандии барқ ҷорӣ шудааст.