Март 31, 2019 18:54 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон корхонаи тавлиди милгирди шаҳри Гулистонро ифтитоҳ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи саноатӣ ва иҷтимоӣ ба вилояти Суғд рафтааст, дар маросими баҳрабардорӣ аз корхонаи тавлиди милгард (арматура) дар шаҳри Гулистон ширкат кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин корхона, ки бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ расид, дар замине ба масоҳати беш аз ду ҳектор бо сармояи Абдушукур Раҷабов, фаъоли бахши хусусӣ сохта шуда, заминаи иштиғолро барои 100 нафар фароҳам месозад. Ин корхона аз зарфияти тавлиди 50 ҳазор тонна милгирд дар сол бархурдор аст ва 30 дарсади маводи аввалияи мавриди ниёзи ин маҳсули муҳими сохтмонӣ аз дохили Тоҷикистон ва бақия аз ҳисоби воридот аз Қазоқистону Чин таъмин хоҳад шуд.

Ба манзури сарфаҷӯӣ дар масрафи нерӯи барқ дар ин корхона аз таҷҳизоти ҷадид истифода хоҳад шуд.

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, ки дар соли 2018 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи се миллиарду 422 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон тайи ду рӯзи ҳузури худ дар вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи Кохи фарҳанг ва сохтмони бемористони ҷадид дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Кохи ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд, таҳвили 10 манзили маскунӣ ба хонаводаҳои фақир, оғози сохти боғи ҷадид ва дигар тарҳҳо ширкату суханронӣ кард.