Афзоиши фирори мағзҳо аз Тоҷикистон
(last modified 2016-09-17T05:25:31+00:00 )
Сентябр 17, 2016 10:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши фирори мағзҳо аз Тоҷикистон

Рӯзноманигор ва коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон аз афзоиши раванди фирори мағзҳо аз ин кишвар ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба гузориши "Тоҷ-нюс", Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён иллати фирори мағзҳо аз Тоҷикистонро авзои ногувори иқтисодӣ, набуди кор ва маоши муносиб, пойин будани сатҳи омӯзишу парвариш ва беҳдошту дармон ва надоштани умед ба оянда унвон кардааст.

Вай ба хуруҷи наздик ба сад рӯзноманигор дар ду соли ахир аз Тоҷикистон ишора карда ва гуфтааст , ки ба эҳтимоли қавӣ теъдоде аз ин афрод ба мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон хоҳанд пайваст.

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, далели умдаи фирори рӯзноманигорони мустақил аз Тоҷикистон сахт шудани шароити фаъолият, надоштани амнияти шуғлӣ, ҷилавгирӣ аз дастрасӣ ба иттилоот дар сатҳи давлатӣ, афзоиши молиёт бар ҳафтаномаҳои мустақил, коҳиши шадиди маош ва дастмуздҳо ва ташдиди сензура аст.

Дӯстмуҳаммадиён мегӯяд, ки дар маросими биступанҷумин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ҳатто як рӯзноманигор ё вакили мудофеи мустақил ё намояндае аз созмонҳои иҷтимоӣ ширкат накарданд.

Дар ҳамин ҳол теъдоди пизишкони мутахассис ва муҳандисоне, ки Тоҷикистонро тарк кардаанд, ба маротиб бештар будааст ва ин мавзӯъ бар нигарониҳои ҷомеа афзудааст.

Бар асоси гузориши ниҳодҳои вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид, барои омӯзиши як нерӯи мутахассис 300 ҳазор доллар ҳазина мешавад.