Апрел 02, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Кумитаи андози Тоҷикистон аз афзоиши қимати интернет

Раиси Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон аз афзоиши қимати интернет дар ин кишвар ҳимоят кардааст.

Ба гузориши сомонаи “TopTJ”, Нусратуллоҳ Давлатзода гуфтааст, ки барои таъмини тааҳҳуди молиёти пардохтии ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон бояд қимати интернет афзоиш ёбад. Ба гуфтаи вай, молиёти пардохтии ин ширкатҳо дар соли 2018 ба мизони 772 миллион сомонӣ будааст, ки дар муқоиса бо соли 2015 наздик ба 69 дарсад коҳишро нишон медиҳад. Ҳамчунин сокинони Тоҷикистон дар солҳои ахир бо коҳиши муколамоти телефонӣ иқдом ба истифода аз шабакаҳои иҷтмоӣ ва паёмрасонҳо мекунанд, ки мӯҷиби коҳиши даромади ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернет мешавад. Аз сӯйи дигар Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти ахири ҳукумати ин кишвар ба Азим Иброҳим, муовини нахуствазир дастур додааст, ки мавзӯи афзоиши қимати интернетро баррасӣ ва гузорише дар ин маврид ироа кунад.

Бар асоси дастури мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон ба ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ дар ин кишвар, мебоист аз рӯзи 27-уми март қимати як гигабайт интернет аз 30 сомонии феълӣ бо эҳтисоби молиёт бар арзиши афзуда ба 63 сомонӣ мерасид, ки ин тасмим бо интиқоди шадиди корбарон дар дохилу хориҷ аз Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд. Эъломи афзоиши қимати истифода аз интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле буд, ки ин кишвар оғози имсол дар раддабандии ҷаҳонии суръати интернети телефони ҳамроҳ яке аз чанд кишвари охири ҷаҳон буд ва мақоми 137-умро ба худ ихтисос дод.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир 15 то 20 дарсад аз ҷамъияти 9-миллиону 200-ҳазорнафараи Тоҷикистон аз интернет истифода мекунанд, аммо Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон теъдоди корбарони интернетро дар ин кишвар се миллион нафар эълом кардааст.