Апрел 02, 2019 21:38 Asia/Dushanbe
  • Барканории мудирони бахшҳои Осиёи Марказӣ ва тоҷикии радиои “Озодӣ”-и Амрико

Мудирони бахшҳои Осиёи Марказӣ ва тоҷикии радиои “Озодӣ”-и Амрико рӯзи сешанбе аз мақоми хеш барканор шуданд.

Ба гузориши “Ахбор”, Аббоси Ҷаводӣ ва хонум Соҷидаи Мирзо, мудирони бахшҳои Осиёи Марказӣ ва тоҷикии радиои “Озодӣ”-и Амрико ба далели он чӣ, ки бознишастагӣ эълом мешавад, аз мақоми хеш барканор шудаанд.

Қаблан хонум Дейзи Синделар, кафили мудирияти радиои “Озодӣ”-и Амрико бахши тоҷикии ин радиоро ба инъикоси ғайримунсифонаи ахбори Тоҷикистон муттаҳам карда буд. Вай гуфта буд, ки ба далели иттиҳомоти ворида ба бахши тоҷикии ин радио акнун мавзӯи фаъолияти он дар дасти баррасӣ аст.

Теъдоде аз донишмандону рӯзноманигорони амрикоӣ аз мудирияти радиои “Озодӣ” дархост карда буданд, ки фаъолияти бахши тоҷикии ин радиоро, ки ба ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, нодида гирифтани манофеи мухолифон, амалкарди ғайриҳирфаӣ ва дурӣ аз асли озодии сухан муттаҳам аст, мавриди баррасӣ қарор диҳад. Вазорати умури хориҷии Амрико дар ҳоли баррасии фаъолияти ин радио аст ва ба ин манзур як коргурӯҳи мустақил таъсис кардааст. Ҳамчунин сомонаи интернетии “Евразия нет” таҳқиқи худро дар бораи фаъолияти бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” мунташир карда ва муддаӣ шудааст, ки ин расона бо ҳимоят аз Ҳукумати Тоҷикистон воқеиятҳои ин кишварро пӯшиш намедиҳад ва дар қиболи мухолифон мавзеи комилан муғризона иттихоз кардааст.

Гуфта мешавад, далели барканории Аббоси Ҷаводӣ аз симмати мудири бахши Осиёи Марказии радиои “Озодӣ” шикояти кормандони ин радиоҳо аз шеваи мудирияти вай, надонистани вижагиҳои минтақа ва сиёсати созишкорона дар баробари ҳукуматҳои ин кишварҳо будааст.