Апрел 05, 2019 19:45 Asia/Dushanbe
  • Нахустин муҳокимаи додгоҳии яке аз масъулони собиқи ҲНИТ

Наздикони Наимҷон Самиев, аз масъулони собиқи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд аз баргузории нахустин ҷаласаи муҳокимаи вай дар боздоштгоҳи шумораи 2-и шаҳри Хуҷанд пушти дарҳои баста хабар додаанд.

Ба гузориши сомонаи “TopTJ”, Абдурашид Самиев, фарзанди Наимҷон Самиев гуфтааст, ки ба далели маҳрамона будани парвандаи падараш ба ҷуз вакили мудофеи ӯ ҳеҷ кас иҷозаи ҳузур дар додгоҳро наёфтааст.

Гулрухсор Яҳёева, вакили мудофеи Наимҷон Самиев бо тайиди оғози муҳокимаи муваккилаш пушти дарҳои баста аз додани тавзеҳоти бештар дар ин маврид худдорӣ кардааст.

Ба гуфтаи наздикони Самиев, мақомоти қазоӣ ӯро ба мушорикат дар фаъолияти гурӯҳи ифротӣ ва доштани силоҳу муҳимоти ғайримуҷоз муттаҳам кардаанд, ки метавонад то 11 соли маҳкумиятро дар пай дошта бошад. Гуфта мешавад, ки дар нахустин ҷаласаи муҳокимаи Самиев Абдусаттор Бобоев, яке дигар аз аъзои Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ, ки аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Исфара дар соли 2018 ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст, ба унвони шоҳид ҳузур ёфтааст.

Наимҷон Самиев, собиқ раиси шуъбаи вилоятии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд шоми 30-юми ноябри соли 2018 дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Самиев ҳамонанди бештари фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ таҳти пайгарди қазоии мақомоти Тоҷикистон қарор дошт ва аз аввали соли 2015 ба таври нимапинҳонӣ дар Русия ба сар мебурд. Наимҷон Самиев аз соли 2005 то замони мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 узви Раёсати олии ин ҳизб буда, аз соли 2008 то 2013 ба унвони раиси шуъбаи вилоятӣ ва аз соли 2013 то авоили 2015 ба унвони раиси бахши ноҳиявии ин ҳизб дар Исфара фаъолият кардааст. Вай ба далели фаъолияти густурдаи сиёсияш дар Тоҷикистон қабл аз мамнӯъ шудани фаъолияти ҲНИТ таҳти фишор ва таъқиби мақомот қарор гирифт ва авоили соли 2015, яъне ҳашт моҳ қабл аз мамнӯъ шудани фаъолияти ин ҳизб маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуд.

Наздикони Наимҷон Самиев бо интишори паёми видеоие аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ӯро афв кунад.