Ҷалолиддини Маҳмуд аз зиндон озод шуд
Манобеи хабарӣ аз озодии як узви собиқи Шӯрои сиёсии ҲНИТ хабар доданд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ”, Сайфиддин Ҷалолиддинзода, писари Ҷалолиддини Маҳмуд, як узви собиқи аршади Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ гуфтааст, ки падараш рӯзи 4 апрел, пас аз 4 сол аз зиндон озод шуда ва акнун дар канори хонавода аст.
Ҷалолиддини Маҳмуди 64-сола дар соли 2015 ба иттиҳоми ҳамли ғайримуҷози аслиҳа ба 5 соли зиндон маҳкум шуд, аммо бо эҳтисоби муддати нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ ва татбиқи тафовути афв пас аз 4 сол озод шуд. Ҷалолиддини Маҳмуд қабл аз зиндонӣ шудан бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон узви Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар шуда буд. Ӯ дар дар даҳаи 1990 ва замони музокироти сулҳи тоҷикон барои поён додан ба ҷанги дохилӣ низ узви Комиссияи муштараки назорат бар созишномаи оташбаси миёни давлат ва мухолифони ҳукумат буд.
Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ ангезаи боздошт ва муҳокимаи Ҷалолиддини Маҳмудро сиёсӣ унвон карда буданд.