Муҷозоти 22 корманди ширкати “Барқи тоҷик” барои сирқати барқ
(last modified Mon, 08 Apr 2019 08:37:28 GMT )
Апрел 08, 2019 13:37 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти 22 корманди ширкати “Барқи тоҷик” барои сирқати барқ

Додситони кулли Тоҷикистон аз муҷозоти 22 корманди ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба иттиҳоми сирқати барқ хабар дод.

Ба гузориши сойти Спутник, Юсуф Раҳмон тайи суханоне дар парлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки дар пайи таҳқиқ ва тафтиш аз фаъолияти ширкати давлатии “Барқи тоҷик”, мавориди зиёди сирқати барқ ифшо шудааст, ки 35 миллион сомонӣ хисороти ворида ба буҷаи ҳукумат бозгардонда шуд.

Дар ин иртибот 22 корманди ин ширкат муҷозот шудаанд, ки нишон медиҳад дар ин ширкат низ афроде вуҷуд доранд, ки заминаи сирқати барқро фароҳам месозанд. Ин дар ҳоле аст, ки ширкати давлатии “Барқи тоҷик” муддаӣ аст, иллати маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон қарзи 1 миллиард сомонии бахши хонагӣ аст, ки мӯҷиб мешавад барқи қарздорон қатъ шавад.

Аз сӯи дигар бархе коршиносон мӯътақиданд, ки қарздорони умдаи барқ дар Тоҷикистон корхонаҳо ва ширкатҳое ҳастанд, ки дар ихтиёри афроди наздик ба мақомоти ҳукуматӣ қарор доранд. Созмонҳои молии байналмилалӣ низ борҳо ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардаанд, ки дар сохтори ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ислоҳоти асосӣ анҷом диҳад, ки ин барнома амалӣ нашудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки ба ғайр аз шаҳри Душанбе ва вилояти Бадахшон акнун дар аксари манотиқи ин кишвар танҳо ҳашт соат дар шабонарӯз ба хонаҳои мардум барқ мунтақил мешавад.