Апрел 08, 2019 14:42 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Музокироти намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҳалли ихтилофот ва таъйини хутути марзии ду кишвар, бенатиҷа поён ёфт.

Ба гузориши ИРНА, ба думболи даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ду кушта барҷо гузошт, намояндагони ду кишвар ба манзури ҳалли ихтилофот ва таъйину аломатгузории хутути марзӣ, музокиротеро дар Душанбе баргузор карданд, ки бенатиҷа поён ёфт.

Дар ин гуфтугӯҳо, Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Ҷениш Раззоқов, ҳамтои қирғизи ӯ ҳузур доштанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва беш аз 470 километр он таъйин ва аломатгузори нашудааст. Аз ин рӯ, но мушаххас будан марзҳо боис мешавад то ҳар аз гоҳе сокинон марзи ду кишвар бар сар мавзӯъоти ҳамчун роҳ сози , манобеи об ва чарогоҳҳо бо якдигар даргир шаванд.