Апрел 09, 2019 10:56 Asia/Dushanbe
  • Мизигирди дурнамои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар Душанбе

Мизигирди дурнамои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё бо ҳузури сафирони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар Душанбе, коршиносон ва таҳлилгарони рус, тоҷик ва Осиёи марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Раҳмон Улмасов устоди донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон таъкид кардааст, ки узви ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ба нафъи коргарони муҳҷири тоҷик хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай теъдоди коргарони муҳоҷири қирғизистонӣ дар Русия дар муқоиса бо коргарони тоҷик як баробару ним камтар аст бо ин ҳол қирғизҳо дар соли 2018 ба мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон пул фиристодаанд, ки иллат он аст коргарони муҳоҷири қирғизистонӣ ба унвони кишвари узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аз пардохти мабоағи моҳиёнаи муҷавизи кор ва иқомат муофанд.Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба далели узвият надоштан дар иттиҳодия ва мушаххас набудани ҷойгоҳи ҳуқуқии коргарони муҳоҷири хеш дар Русия ҳамасола 500 миллион доллар даромади молии ин афродро аз даст медиҳад.

Аксари ширкаткунандагон дар ин нишаст муътақиданд яке аз имтиёзоти пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳодия фароҳам шудани заминаи хуруҷи ин кишвар аз бунбасти иртиботӣ аст, чаро ки роҳи оҳани Тоҷикистон мустақиман ба шабакаи райлии дигар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро аз дигар имтиёзи Тоҷикистон унвон мекунад, ки метавонад заминасози ҷазби сармоя ва итштиғолзоӣ дар дохили ин ҷумҳурӣ гардад.

Аз сӯи дигар озодии ҳаракати неруи кори тоҷикистонӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, муофияти коргарони муҳоҷир аз пардохти ҳазинаи муҷаввизи кор ва иқомат ва бархурдор шудани онон аз бимадармонӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ аз дигар мазиятҳои пайвастан ба ин иттиҳодия аст, ки аз нигоҳи молӣ ва ҳуқуқӣ барои коргарони муҳоҷири тҷоик бисёр муҳим аст.