Дарёфти беш аз 300 миллиондоллар ришва дар соҳаи тандурӯстии Тоҷикистон
Дар соли 2018 мардуми Тоҷикистон ҳудуди 320 миллион доллар ба пизишкони ин кишвар ришва пардохт кардаанд.
Ба гузориши сомонаи Фарғона, ин омор аз сӯи шабакаи телевизионии "Настоящее время", бо такя ба омори вазорати беҳдошти ин кишвар мунташир шудааст.
Доктор Шокирҷон Ҳакимом, ҳуқуқдони тоҷик дар ин бора гуфтааст, тақрибан тамоми ақшори ҷомеа аз кӯдакон то куҳансол маҷбуранд барои дарёфти хадамоти беҳдошти беҳтар, дорӯ ҳамчунин мадорики пизишкӣ, ба коркунони бемористонҳо маблағи изофӣ пардохт кунанд.
Дар ҳамин ҳол худи пизишкон иллати гирифтани маблағҳои молӣ аз беморонро мизони ками ҳуқуқ ва дастмуздҳои мутахассисон ва кормандони марокизи дармонӣ эълом кардаанд.
Гуфтанист, Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, бахши тандурӯстиро фасодзадатарин сохтори ҳукумати Тоҷикистон унвон кардааст.