Вазорати молияи Тоҷикистон фармони ҳукуматро иҷро намекунад
Дар охирҳои соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон Вазорати молияи ин кишварро вазифадор кард, то дар сомонаи худ раванди иҷрои будҷетро ҳар се моҳ якбор мунташир кунад, ки албатта ин иттифоқ наяфтод.
Ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар сомонаи ин вазоратхона тозатарин матлаб гузориши иҷро шудани будҷети ҳукумати Тоҷикистон марбут ба соли 2018 аст.
Ин дар ҳолест, ки Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсат ҷумҳурии ин кшвар эълом кардааст, ки бахши даромадии будҷети ҳукумат, таи се моҳи нахусти соли 2019 ба беш аз 4 миллиарду 500 миллион сомонӣ расидааст.
Аз сӯи дигар дар сомонаи Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон низ аз фаолияти ин ниҳод таи се моҳи нахусти соли равон танҳо як ҷумла мунташир шудааст ва он ин ки дар нишасте ин мавзӯъ баррасӣ шуд. Аммо дар пурсиши хабарнигори сомонаи Тоҷи Вик дар бораи иллати мунташир нашудани гузориши амалкарди Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон таи се моҳи нахусти соли равон, аз дафтари матбуотии ин ниҳод гуфта шудааст, ки мақомоти масъул тасмим гирифтаанд, ки ба интишори ҳамин як ҷумла иктифо кунанд.
Дар аксари вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатии Тоҷикистон ҳатто ба дархостҳои катбии рӯзноманигорон посух намедиҳанд ва бо матбуъот ва расонаҳо ҳамкорӣ намекунанд чаро, ки навиштани таҳлил аз амалкарди воқеъӣ, ин ниҳодро бо мушкил ру ба ру мекунад.