Апрел 17, 2019 08:55 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав, имрӯз

То соатҳое дигар мулоқоти расмии раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав пойтахти Русия анҷом мешавад.

Ба нақл аз манобеъи хабарии Тоҷикистон, ин мулоқот дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия анҷом мешавад.

Қарор аст Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар поёни дидор ва гуфтугӯи худ чанд санади ҳамкории дуҷониба аз ҷумла дар масоили иқтисодӣ ва муҳоҷиратро имзо кунанд.

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия аз рӯзи 16 апрел оғоз шудааст, ки дар рӯзи нахуст вай бо раиси парлумон ва нахуст вазири Русия мулоқот кард.

Дар ин дидорҳо асосан баррасии масоили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ миёни ду кишвар матраҳ буд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дирӯз ҳамчунин бо намояндагони муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия дидор ва суханронӣ кард.

Вай дар ин суханронӣ дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар соли гузашта аз ҷумла ифтитоҳи чархаи нахусти неругоҳи Роғун, вазъияти муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия ва муносиботи ду кишвар ҳарф зад.

Ҳамзамон бо ин барномаҳо Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти   Русия хост барномаи нави афви муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар ин кишварро пиёда кунанд.

Ҳамасола беш аз як миллион нафар аз ҷамъияти 9 миллион нафарии Тоҷикистон барои анҷоми кори доимӣ ё мавсумӣ ба Русия сафар мекунанд.