Апрел 17, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии дубораи об дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО Роғун)

Мудирияти нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО Роғун) аз обгирии дубораи садди ин нерӯгоҳ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи тоҷикӣ, пас аз чанд моҳи вақфа дар фаъолияти нахустин агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО Роғун) ва тахлияи оби садди он, акнун обгирии дубораи ин сад оғоз шудааст.

Як мақоми масъул дар мудирияти нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, ки оби сад ба далели таъмироти сад ва трубинаи нахустини ин нерӯгоҳ тахлия шудааст.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон ҳам иллати таваққуфи фаъолияти ин трубинаро,  ки рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расида буд, масоили фаннӣ эълом карда буданд.

Таваққуфи нахустин агрегати нерӯгоҳи барқи обии Роғун бар таъмини барқ дар фасли сармо дар Тоҷикистон таъсир дошт ва акнун дар бештари манотиқи ин кишвар танҳо 8 соат дар шабонарӯз ба хонаҳои мардум барқ мунтақил мешавад.

Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.