Апрел 17, 2019 13:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсари дуввуми тарроҳи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар зиндони Ироқ

Мақомоти қазоии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳамсари дуввуми Қорӣ Носир, тарроҳи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар соли 2018 дар зиндони Ироқ давраи маҳкумияти худро мегузаронад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи CA-NEWS, Махсира Шарифова шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон ва ҳамсари дуввуми Қорӣ Носир дар аввалҳои соли 2018 дар атрофи  шаҳри Мавсили Ироқ боздошт шудааст ва акнун дар Ироқ зиндагӣ мекунад.

Вай гуфтааст, ки ҳамсараш масъули таблиғоти гурӯҳи террористии ДОИШ буда ва дар даргириҳои низомӣ мушорикати мустақим надоштааст.

Абдуллоҳ Шарифов, бародари Махсира Шарифова мегӯяд, ки хоҳараш пинҳонӣ бо Қорӣ Носир издивоҷ карда ва ба Ироқ рафтааст.

Номи Қорӣ Носир пас аз ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони дучархасавори хориҷӣ дар тобистони соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон расонаӣ шуд.

Ҳусейн Абдусамадов муҷрии ин амалиёт пас аз боздошт гуфта буд, ки ба фармони Қорӣ Носир даст ба ин иқдом зада ва барои ин амалиёт 100 ҳазор рубли русӣ дарёфт кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳоло тарҳи созишнома дар бораи истирдоди муттаҳамон ба ҷиноятро таҳия мекунанд, то ба гуфтаи онҳо, имкони истирдоди 43 зани зиндонии тоҷик аз Бағдод ба Душанбе фароҳам шавад. Ба гуфтаи онҳо, ин занон метавонанд дар бисёре аз парвандаҳои ҷангҷӯёни тоҷик шоҳидӣ диҳанд.