Апрел 17, 2019 16:11 Asia/Dushanbe
  • Сабти беш аз 500 ҳодисаи табиӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019

Беш аз 500 мавриди ҳодисаҳои табиӣ дар 3 моҳи нахусти соли 2019 дар нуқоти мухталифи Тоҷикистон рух додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Авесто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи гузашта дар нишасте дар шаҳри Душанбе эълом кард дар моҳҳои январ то марти имсол 502 мавриди офат ва ҳодисаҳои табиӣ ба сабт расидааст.

Генерал Рустам Назаров раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гузориш додааст, ки 12 маврид аз ин ҳодисаҳо ҳамроҳ бо хисоратҳои ҷонӣ ва молӣ будааст,  ки шомили ҷорӣ шудани сел, рониши замин ва резиши кӯҳ аст.

Дар ин нишаст ҳамчунин бар баҳрагирӣ аз тадбирҳои амниятӣ ва таҳаққуқи барномаҳои ҳукуматӣ дар пешгирӣ аз ҳодисаҳои табиӣ таъкид ва эълом шуд, ки муовини раиси бахши Хатлони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба далели кӯтоҳӣ дар умури марбут ба пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, аз мақомаш барканор шудааст.

Тоҷикистон аз  кишварҳои осебпазири Осиёи Марказӣ дар баробари офатҳои табиӣ мебошад.