73 миллиард сомонӣ карзи корхонаҳои Тоҷикистон
Қарзи корхонаҳои Тоҷикистон дар оғози соли равон ба 73 миллиард сомонӣ расидааст.
Ба нақл аз сомонаи Азя-Плюс, Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсат ҷумҳурии ин кишвар эълом кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш ин мизон қарзи корхонаҳои Тоҷикистон афзоиши 28 миллиарду 800 миллон сомониро нишон медиҳад.
Дар ин миён ширкати давлатии Барқи тоҷик, корхонаи алиминюм, ширкати давлатии Роҳи оҳан, фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр аз ҷумла қарздорони бузурги молӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад қарзи молии ширкати давлатии Барқи тоҷик дар ҳоли ҳозир ба 23 миллиарду 100 миллион сомонӣ (баробари 2 миллиарду 500 миллион доллар) расидааст, ки бузургтарин қарзидори молӣ дар ин кишвар ба ҳисоб меояд.
Қарзи молии ин ширкат ба ду неругоҳи барқ обии Сангтуда 1 ва 2 беш аз 1 миллиард сомонӣ эълом шудааст.
Аз сӯи дигар бар асоси гузориши Вазорати саноату технологиҳои нави Тоҷикистон дар соли 2018 аз 1 ҳазору 97 корхона ва ширкати сабти ном шуда дар ин кишвар наздик ба 6 дарсад ё 127 маркази тавлидӣ фаол набуд.
Далели фаолият накардани ин марокиз сари вақт дастрас нашудани маводди хом, ки камбуди манобеъи молӣ ва мавсумӣ будани замони кори бархе аз ин корхонаҳо ва ширкатҳо унвон мешавад.
Дар маҷмуъ аз ин теъдод корхона ва ширкатҳо дар соли 2018 наздик ба 60 дарсад судовар будаанд, ки даромади молии ин марокиз ба 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ (баробар бо 190 миллион доллар) расидааст.