Апрел 19, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Даъвати раисҷумҳури Фаронса аз Эмомалӣ Раҳмон барои сафар ба Порис

Вазири мушовир дар умури хориҷии Фаронса дар сафар ба Тоҷикистон бо раисҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Жан Батист Лемуан, вазири мушовир дар умури хориҷии Фаронса дар сафар ба Душанбе ва дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон паёми даъвати Эммануэл Макрон, раисҷумҳури кишварашро барои сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Порис ба ӯ иблоғ кард.

Ду тараф дар ин дидор масоили амниятӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва омӯзишию фарҳангиро баррасӣ карданд. Раҳмон дар ин дидор аз Фаронса барои ҳимояти доимӣ аз Тоҷикистон дар заминаи татбиқи тарҳҳои сармоягузории дорои аҳамияти миллӣ ва минтақаӣ, бахши хусусӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин пуштибонӣ аз ибтикороти байналмилалии Душанбе дар заминаи об, бавижа рафъи паёмадҳои тағйири иқлим, мудирияти захоири обӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ қадрдонӣ кард. Ду тараф ҳамчунин ҳавзаҳои сармоягузорӣ, энержӣ, фаъолияти муҳандисӣ ва машваратӣ, ҳамлу нақл, иртиботот ва кишоварзиро барои ҳамкориҳои ояндаи Тоҷикистон ва Фаронса муҳим арзёбӣ карданд. Вазири мушовир дар умури хориҷии Фаронса ва раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор бар эҷоди хати парвози миёни ду кишвар, баргузории намоишгоҳҳои наққошӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ва тавсеаи бештари ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.

Роҳҳои тавсеаи равобити байни Душанбе ва Порис дар чорчӯби роҳбурди ҷадиди Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи Раҳмон ва Лемуан буд.

 

Барчасп