Апрел 20, 2019 09:54 Asia/Dushanbe
  • Барканории 800 корманди Ширкати Барқи тоҷик

Ширкати давлатии Барқи тоҷик 800 корманди худро, ки маъмури муҳосибаи барқи масрафии бахши хонагӣ мебошанд, аз симатҳояшон барканор кардааст.

Ба нақл аз сомонаи Топ -ТҶ, далели барканории ин афрод бекифоятӣ, надоштани дониши кофии тахассусӣ ва бархурди хашин бо муштариёни барқ унвон шудааст.

Ширкати давлатии Барқи тоҷик наздик ба 2 ҳазор корманд дорад ва талош мекунад, ки дар Тоҷикистон низоми ҳушманди пардохти ҳазинаи барқи масрафӣ бо истифода аз кортҳои электроникиро эъмол кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати Барқи тоҷик дар ҳоли ҳозир ба 23 миллиард ва 100 миллион сомонӣ (муодили 2 миллиард ва 500 миллион доллар ) расидааст, ки бузургтарин  қарздори молӣ дар ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Карзи молии ин ширкат ба ду неругоҳи барқи обии Сангтӯдаи 1 ва 2 беш аз 1 миллиард сомонӣ эълом шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад дар бисёре аз маврорид, кормандони ширкати барқ, ки барои муҳосибаи пули барқ ба хонаҳои мардум меоянд, ба муштариён роҳҳои камнишон додани мизони барқи масрафиро ёд медиҳанд ва дар баробари дарёфти пул даст ба тағйири равиши  фаъолияти ҳисобкунаки барқ мезананд. Агар чи бар асоси қавонини ҷиноии Тоҷикистон барои дуздии барқ ва дасткорӣ дар симкашӣ ва ҳисобкунак, муҷозоте назири ҷаримаи молӣ ва ҳатто маҳкумият ба зиндон пешбинӣ шудааст, ин раванд ҳамчунон дар ин кишвар аз суи моликони корхонаҳо ва бахши хонагӣ идома дорад.

Созмонҳои молии байналмиллалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардаанд,ки бо ислоҳи сохтори  ширкати давлатии Барқи тоҷик се ҷамъияти саҳомии тавлиди барқ, шабакаи интиқоли барқ ва шабакаи тавзеъи барқ таъсис кунад.