Апрел 20, 2019 12:36 Asia/Dushanbe
  • Тавони неругоҳи барқи обии Қайроқум афзоиш меёбад

Қарор аст моҳи майи соли равон бо сармоягузории Бонки аврупоии Рушд, аз навсозӣ ва бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Қайроқум дар шимоли Тоҷикистон оғоз шавад.

Илҳом Муҳаммадализода мудири дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд гуфт, сармоягузории Аврупо ва сандуқи байналмиллалии Иқлими Сабз дар ду марҳила амалиётӣ хоҳад шуд.

Дар марҳилаи аввали ин тарҳ 71 миллион доллар ва дар марҳилаи дуввум 88 миллион доллар муҳосиба шудааст.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, бо муҳосиботи анҷомшуда аз тарафи муҳандисон, маблағи куллии ин тарҳ 159 миллион доллар бароварда шудааст.

Бино ба навиштаи сомонаи Спутник, ширкати Ge Renewable Energy неругоҳи Қайроқумро бозсозӣ хоҳад кард.

Дафтари матбуоти ширкати Ge Renewable Energy таъкид кардааст, ки тавлиди неруи барқ дар неругоҳи Қайроқум баъд аз бозсозӣ  35 дарсад афзоиш хоҳад ёфт ва ба 174 мегават хоҳад расид.

Ин ширкат эълом кардааст, ки бо ширкати давлатии Барқи  тоҷик барои таҷдид ва бозсозии неругоҳи Қайроқум созишнома ба имзо расидааст.

Неругоҳи барқи обии Қайроқум бар рӯйи рӯдхонаи Сир дар солҳои 1956-1957 сохта шуда ва дорои 6 турбин аст, ки зарфияти тавлиди барқи ҳар кадом 21 мегават аст.

Зарфияти тавлиди барқи неругоҳи Қайроқум дар ҳоли ҳозир 126 мегават аст.