Тоҷикҳо муштарии ширкатҳои хадамоти интернетии Қирғизистон мешаванд
(last modified Mon, 22 Apr 2019 06:03:42 GMT )
Апрел 22, 2019 11:03 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикҳо муштарии ширкатҳои хадамоти интернетии Қирғизистон мешаванд

Сокинони марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз қимат шудани нархи Интернет дар Тоҷикистон акнун ба муштариёни ширкатҳои қирғизӣ табдил мешаванд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осёи марказӣ, сокинони ноҳияи Исфара гуфтаанд акнун шаш гегабайт Интернетро аз ширкатҳои қирғизӣ ба қимати 7 сомонӣ харидорӣ мекунанд дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон қимати як гегабайт Интернет ба 63 сомонӣ ( муодили 6 доллар ) расидааст.  Пеш аз ин қимати як гегабайт Интернет дар Тоҷикистон 30 то 35 сомонӣ буд.

Бо шароити феълӣ, истифода аз хадамоти ширкатҳои фароҳамгари хадамоти Интернети Қирғизистон дар минтақаҳои марзии ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом дар вилояти Суғд ва Лахш дар шарқи Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ қимати як гегабайт Интернет дар ин кишварро бо ҳисоби андоз ба 63 сомонӣ (муодили 6 доллар ) расонд, ки бо эътирози густардаи корбарон рӯ ба рӯ шуд.

Як корманди ширкати фароҳамгари хадамоти Интернет ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, дар ояндаи наздик хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳазорон муштарии худро аз даст хоҳад дод; чаро,ки ширкатҳои хадамоти Интернети Узбакистон ва Қирғизистон  дар минтақаҳои марзи муштарак бо Тоҷикистон ба роҳатӣ ба  атбоъи тоҷик хадамот ироа хоҳанд кард. 

Ин дар ҳоле аст, ки ба далели қимат будани нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон ҳамасола  ҳазорон шаҳрванди ин кишвар барои парвоз ба Русия аз хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии Узбакистон ва Қирғизистон истифода мекунанд, ки ба маротиб арзонтар аст.