Апрел 22, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 500 миллион долларии Чин барои навсозии ширкати алминюми Тоҷикистон

Чин ба манзури афзоиши тавлиди алминюм дар Тоҷикистон як тавофуқномаи ним миллиард долларӣ бо ин кишвар ба имзо расонд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, як ширкати давлатии Чин эълом кард, ки бо корхонаи алминюм Тоҷикистон тавофуқномаи 545 миллон долларӣ ба имзо расонда, ки ҳадаф аз он афзоиши тавлиди алминюм дар ин кишвар аст.

Ҷанг Чун раиси ширкати  CHINA MACHINERY ENGINEERING CORPORATION  бо эъломи ин матлаб гуфт; навсозии корхонаи алминюми Тоҷикистон дар 2 марҳила анҷом ва зарфи 2 сол такмил мешавад.

Вай афзуд, тарафи чинӣ 2 коргоҳи ширкати алминюми тоҷикро навсозӣ хоҳад кард.

Ҷанг Чун идома дод, бар асоси ин тавофуқнома тарафи чинӣ мутааҳид мешавад коргоҳҳои ширкати алминюми Тоҷикистонро бо таҷҳизот ва фанновариҳои замонавӣ муҷаҳҳаз кунад ҳамчунин омузиши коркунон ва мутахассисони маҳаллӣ ҳамчунин бар души тарафи чинӣ хоҳад буд.

Интизор меравад бо навсозӣ ва такмили ин коргоҳ тавлиди алминюм дар Тоҷикистон бо 300 ҳазор тонна дар сол бирасад.

Тавофуқномаи ширкати чинӣ ва ширкати алминюм тоҷик 2 ҳафта пеш ба имзо расид, аммо имруз расонаӣ шуд.