Дархости Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ барои кумак ба ширкати Барқи тоҷик
(last modified Tue, 23 Apr 2019 06:52:56 GMT )
Апрел 23, 2019 11:52 Asia/Dushanbe
  • Дархости Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ барои кумак ба ширкати Барқи тоҷик

Бонки ҷаҳонӣ аз дархости кумаки молии ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати давлатии Барқи тоҷик барои ислоҳоти сохторӣ ва пардохти қарзи молии ин ширкат хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон аз ин ниҳод дархост кардааст, ки барои фароҳам сохтани манобеъи молии мавриди ниёз барои анҷоми ислоҳоти сохторӣ ва пардохти бидиҳии ширкати давлатии Барқи тоҷик мусоидат кунад.

Мақомоти Бонки ҷаҳонӣ эълом кардаанд, ки ин мавзӯъро баррасӣ хоҳанд кард ва дар чорчуби барномае мавсум ба натиҷаи арзёбии раванди иҷтимоӣ ва зист муҳитии Тоҷикистон ин манобеъро ҷустуҷу хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсат ҷумҳурии ин кишвар эълом кард, қарзи молии ширкати давлатии Барқи тоҷик дар ҳоли ҳозир ба 23 миллиарду 100 миллион сомонӣ ( баробар бо 2 миллиарду 500 миллион доллар) расидааст, ки бузургтарин қарздори молӣ дар ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Қарзи молии ин ширкат ба ду неругоҳи барқ обии Сангтӯдаи 1 ва 2 беш аз 1 миллиард сомонӣ эълом шудааст.

Созмонҳои молӣ аз ҷумла Бонки ҷаҳонии байналмиллалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардаанд, ки бо ислоҳи сохтори ширкати давлатии Барқи тоҷик се ҷамъияти саҳомии тавлиди барқ, шабакаи интиқоли барқ ва шабакаи тавзеъи барқ таъсис кунад. Аз сӯи дигар Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки дар минтақаи Осиёи марказӣ ва Аврупо болотарин шохис ба ҳисоб меояд.

Аммо мақомоти ширкати давлатии Брақи тоҷик муддаъӣ анд, ки қарзи бахши хонагӣ бобати барқи масрафӣ ба ин ширкат ба 1 миллиард сомонӣ мерасад, ки муҷиби афзоиши қарзи молӣ ва эҷоди мушкилот дар фаолияти ин ниҳод мешвад.