Апрел 24, 2019 10:49 Asia/Dushanbe
  • Паёмади ногувори афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон

Иқтисоддони тоҷик аз афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Собир Қурбонов гуфтааст, ки ки афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, заиф будани зарфияти содиротӣ, пойин будани мизони воридоти арз аз хориҷ ва бахши хусусии рушднаёфтаи ин кишвар метавонад паёмадҳои ногуворе барои оянда дошта бошад.

Вай мӯътақид аст, ки бар асоси омори Бонки Ҷаҳонӣ сақфи феълии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳисоби 500 миллион доллар маблағи воми дарёфтӣ аз фурӯши саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар хориҷ бо 40 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ баробар шудааст, ки барои рушди ояндаи иқтисоди ин кишвар номатлуб арзёбӣ мешавад.

Аммо Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад бо афзоиши сақфи бадеҳии хориҷии худ аз 40 дарсади феълӣ ба 60 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти истеҳсоли нохолиси миллии ин кишвар, заминаи дарёфти вомҳои хориҷии бештарро фароҳам созад.

Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардаанд, ки мизони қарзҳои хориҷии ин кишвар дар аввалҳои соли 2019 ба ду миллиарду 924 ҳазор доллар расидааст, ки бахши умдаи он муталлиқ ба Бонки давлатии воридот ва содироти Чин аст.

Аз сӯи дигар Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақидаст, ки саҳми ҳар тоҷик аз ин мизони қарзҳои хориҷӣ барои ҷамъияти 9 миллиону 200 ҳазорнафарии ин кишвар наздик ба 320 доллар аст.

Ба гуфтаи Собир Қурбонов ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад барои 3 соли оянда ба мизони 776 миллион доллар кӯмаки хориҷӣ ҷазб кунад.