Апрел 26, 2019 17:24 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ризоияти Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибот бо Покистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи дувумин нишасти байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» дар Чин бо Умрон Хон, нахуствазири Покистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Умрон Хон равобити феълӣ ва дурнамои ҳамкории миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон муносиботи сиёсии Душанбе ва Исломободро бар асоси усули ҳусни тафоҳум ва эътимод дар сатҳи олӣ тавсиф ва аз сатҳи феълии равобити ду кишвар ибрози ризоят кард. Сипас ду тараф алоқамандии худро барои иҷрои тавофуқоти қаблии ду кишвар дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, иртиқо ва ҳимояти мутақобил аз сармоягузорӣ, иттилоот, фарҳанг, омӯзишу парвариш, беҳдошт, гардишгарӣ, иртибототи ҳавоӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ эълом карданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистону нахуствазири Покистон ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкории ду кишвар дар заминаи амният, сулҳ ва суботи минтақаӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими фаромиллӣ, ҳифозат аз марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.

 

Барчасп