Апрел 30, 2019 09:54 Asia/Dushanbe
  • Таъиди боздошти сухангӯи неруи марзбонии Тоҷикистон аз сӯи наздиконаш

Наздикони сарҳанги дуввум Муҳаммад Улуғхоҷаови 36 сола сухангӯи неруи марзбонии Тоҷикистон вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар боздошти вайро таъид кардаанд.

Ба нақл аз  сомонаи Топ-ТҶ, хонум Зебо Улуғхоҷаова модари вай гуфтааст, ки барои писараш вакил мудофеъ гирифтаанд, аммо дар бораи иттиҳоми эълом шуда иттилое надоранд.

Қаблан манобеъи мустақили хабарӣ далели боздошти ин сухангӯро интиқоли асрори маҳрамонаи давлатӣ ба тарафи хориҷӣ эълом карда буданд.

Бархе манобеъ дар неруи марзбонии Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир Муҳаммад Улуғхоҷаов таҳти бозпурсӣ қарор дорад ва ҷузъиёти иттиҳоми интиқоли асрори маҳрамонаи давлатӣ ба тарафи хориҷӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ва инки иттилоот ба кадом кишвари хориҷӣ ё ниҳоди амниятӣ ирсол шуда мушаххас нест.

Сарҳанги дуввум Муҳаммад Улуғхоҷаов дониш омӯхтаи риштаи физикаи Донишгоҳи технологиҳои Тоҷикистон аст, ки аз соли 2009 дар неруи марзбонии ин кишвар фаолият мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар паи ин ҳодиса генерал Саидмуъмин Ятимов раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба тамомии масъулони вазоратхонаҳо ва идораҳои ҳукуматӣ дархост кардаас, ки аз интишори ҳар навъ ахбор аз фаолияти ниҳодҳои зермаҷмуъаи худ аз тариқи сухангӯён, бидуни мувофиқати масъулон пешгирӣ шавад.

Коршиносон муътақиданд, ки бо ин иқдом дастрасӣ ба ахбор ва иттилоот аз фаолияти вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ки то ба ҳол бисёр сахт буд, барои хабаргузориҳо ва сомонаҳои хабарӣ амалан ғайри мумкин хоаҳд шуд.