Май 01, 2019 09:35 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 80 кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба ватан бозгаштанд

Шаби гузашта 84 кӯдаки тоҷик бо ҳавопаймо аз Ироқ ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мунтақил шуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз аз манобеи маҳаллӣ, волидайни бештари ин кӯдакон ё дар ҷангҳои Ироқ куштаву нопадид шудаанд ё ин, ки дар зиндонҳои ин кишвар маҳбусанд.

Зиндониёни тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Ироқ чандин нафар аз тоҷикон, бавижа занон ба ҳабси абад ва зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум шудаанд ва фарзандони онон ё ҳамсаронашон дар зиндонҳо ва ё дар урдугоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта тасмим гирифт барои бозпас овардани кӯдакони тоҷики гирифтор дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия иқдом кунад ва то ба ҳол ҳудуди 100 нафар аз онон ба ватан баргардонида шуданд.